Menu
Поиск
Generic filters
Подкаст
Эпизод
Фильрт эпизодов по языкам и странам
казахстанский подкаст
Кыргызстанский подкаст
Таджикистанский подкаст
Узбекистанский подкаст
Туркменистанский подкаст
на казахском языке
На кыргызском языке
На таджикском языке
На узбекском языке
На туркменском языке
На русском языке

Агар манзили Шумо дар нақшаи бартарафшавӣ аст, пас ин подкаст барои Шумост

Дар Душанбе якчанд соли охир сохтмони биноҳои истиқоматӣ батадриҷ идома дорад. Қисми зиёди шаҳрвандоне, ки хонаҳояшон бартараф мешаванду дар ҷояш хонаҳои истиқоматии нав сохта мешаванд, аз ҳуқуқҳое, ки бояд аз сохтмончӣ талаб кунанд бехабаранд. Аз ин рӯ Академияи «Три медведя» тасмим гирифтааст, ки силсилаи подкастҳоро таҳти унвони “Агар манзили Шумо…” пешниҳод намояд.

Ин силсилаи подкастҳоро мо бо ҳамроҳии ҳуқушиносони Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, сабт мекунем.

Дар нашри аввал оиди бартарафкуниибиноҳои истиқоматӣ ва ҳуқуқи соҳибмулкон ба саволҳои мо ҳуқуқшинос Гулгуна Шоҳзодаева ҷавоб дод.

Соҳибмулкон, вакте аз бартараф шудани манзили худ огоҳ мешаванд, баъзан дар ҳавлии худ ошёнаи дуюмро месозанд, ё ин ки хешовандонашонро ба қайди манзили худ мегузоранд. Ба умеди он, ки барои ҳар як аъзои оила сохтмончӣ бояд 12 метри мураббаъ ҷудо менамояд. Вале ҳуқуқшинос ин амалҳоро комилан нодуруст ва бар зарари соҳибмулк арзёбӣ кард.

“Қисми зиёди шаҳрвандон ҳамин, ки шуниданд хонаашон бартараф мешаванд. Зуд барои ба даст овардани манфиати бештаре, хонаҳои нав месозанд ё хешовандонашонро дар қайди хонаашон мегузоранд, ки ин комилан нодуруст аст. Агар соҳибмулк дар хонаи як ошёнааш ошёнаи дуюм зам кунад ё дар замини наздиҳавлигиаш хонаи наве созаду онро ба расмият надарорад, ҳангоми бартараф кардани манзилаш масоҳати онҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд.

Тибқи қонунгузорӣ, барои ҳар як аъзои оилае, ки манзилашон бартараф мешавад 12 метри мурабаъ ҷудо карда шавад. Вале ҳангоми бартараф кардани манзил сохтмончиён ин чизро ба назар намегиранд. Масоҳати хона барои ҷуброни манзил танҳо аз рӯи нишондоди ҳуҷҷати манзил ба ҳисоб гирифта мешавад”, — мегӯяд, ҳуқуқшинос.

Ҳамчунин соҳибмулк агар барои ҷуброни манзилаш хона нею маблағ хоҳад,метавонад, ки аз сохтмончӣ онро талаб кунанд. Пас аз баҳогузории мутахассисон, сохтмончӣ ҷубронпулии манзилро бояд ба суратҳисоби бонкии соҳибмулк гузаронад.

Ёдовар мешавем, ки силсила подкастҳои “Агар манзили Шумо…” аз ҷониби Академияи “Три медведя” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, омода мешаванд.

Барои дарёфти маълумоти муфасалтар подкасти зерро тамошо кунед!