Menu
Поиск
Generic filters
Подкаст
Эпизод
Фильрт эпизодов по языкам и странам
казахстанский подкаст
Кыргызстанский подкаст
Таджикистанский подкаст
Узбекистанский подкаст
Туркменистанский подкаст
на казахском языке
На кыргызском языке
На таджикском языке
На узбекском языке
На туркменском языке
На русском языке

“Агар манзили Шумо…”. Хонаи орзуҳоро чӣ гуна бояд сохт?

Чун дар Душанбе сохтмони биноҳои нави истиқоматӣ дар авҷ аст, мардум аз биноҳои пешсохт дида бештар ба онҳо рӯй овардаанд. Зеро ба андозаи имконияташон манзил хардорӣ мекунанд ва дохили хонаашонро ҳар гунае, ки хоҳанд, месозанд. Бехабар аз он ки тибқи қонун азнавсозии манзил манъ аст.

Академияи подкастҳои “Три медведя” дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, силсилаи подкастҳои “Агар манзили Шумо…” – ро омода намудаанд, ки тамошои он барои соҳибмулконе, ки хонаҳояшон дар нақшаи бартарафшавӣ аст, ё касоне, ки мехоҳанд аз биноҳои навсохт хона бихаранд, муҳим аст.

Ҳар нафаре, ки соҳиби хонаи нав мешавад, ҳатман хостгори тағйир додани тарҳи он мегардад. Касе мехоҳад ҷойи деворҳоро иваз кунад, каси дигар ҷои дарҳоро. Аммо барои анҷом додани ин амалҳо, соҳибмулк бояд аз мақомоти дахлдор иҷозатнома бигирад.

“Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳар нафаре, ки манзили нав харидорӣ мекунад, чӣ аз биноҳои навсохт ва чӣ аз кӯҳна, ҳатман хостгори ивази тарҳи хона мешаванд. Вале дар қонунгузорӣ мафҳуми нақшаи озод, ки аз тарафи ширкати сохтмонӣ пешниҳод мегардад, нест. Тибқи қонунгузорӣ барои азнавсозии хонаи истиқоматӣ, аввалан иҷозатнома гирифтан лозим аст”, — мегӯяд ҳуқуқшиноси ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, Шоира Давлатова.

Агар ҳамсояи Шумо девори байниҳуҷрагиро вайрон кард ва ин ҳолат боиси зарари Шумо шуд, дар ҳолати барқарор накардани он метавонед ба суд муроҷиат намоед. Маълумоти муффасалтаро доир ба ин масъала аз подкасти зерин дарёфт кунед.

Қайд кардан зарур аст, ки подкасти мазкурро Академияи подкастҳои “Три медведя” дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”,- намудаанд.