Menu
Поиск
Generic filters
Подкаст
Эпизод
Фильрт эпизодов по языкам и странам
казахстанский подкаст
Кыргызстанский подкаст
Таджикистанский подкаст
Узбекистанский подкаст
Туркменистанский подкаст
на казахском языке
На кыргызском языке
На таджикском языке
На узбекском языке
На туркменском языке
На русском языке

Аз Озодӣ ба озодӣ. Чӣ тавр Афсона Акобиршоева ба инъикоси мушкилоти иҷтимоӣ рӯй овард. Подкасти “Медиаи нав”

Афсона дар YouTube шабакаи худро дорад ва ҳамчунин дар шабакаи телевизионии Iran international ҳамчун хабарнигори мустақил фаъолият мекунад. Ӯ худро блоггер намеҳисобад

Афсона Акобиршоева журналисте, ки масоили иҷтимоиро матраҳ мекунад ба наздикӣ YouTube-канали худро бо номи AFS media фаъол кард ва он бештар ба инъикоси масоили иҷтимоӣ нигаронида шудааст.

Афсона пас аз 5 соли фаъолият дар Радиои Озодӣ ба ҳайси рӯзноманигор тасмим мегирад, ки фаъолияти мустақилро ба роҳ монад. Ӯ ба мо дар бораи сабаби ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ рӯй овардану рафтанаш аз Радиои Озодӣ қисса кард

“Дар тӯли фаъолиятам мушоҳида кардам ва дидам, ки мардум намехоҳанд оиди масъалаҳои сиёсӣ гап зананд, масъалаҳои иқтисодиро бошад ман хуб матраҳ карда наметавонам. Аз ин рӯ қарор додам, ки ба масъалаҳои иҷтимоӣ рӯ орам”, — мегӯяд Афсона.

Афсона аввалин журналистест, ки харасментро аз ҷониби мардон нисбати духтарон расонаӣ кард. Ӯ ба мо сабаби ба ин кор ҷуръат кардану даст заданашро нақл кард.

Подкаст дар доираи лоиҳаи IWPR «Giving Voices – Driving Change: from the Borderland to Steppes» таҳия шудааст. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани зарфияти насли нави таҳлилгарон ва рӯзноманигорон аст, ки таҳлили босифат ва дастрасро ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунанд. Муҳтавои подкаст, назарот ва дидгоҳҳо танҳо ба муаллифон марбут буда, метавонанд ба мавқеи расмии IWPR мухолифат дошта бошанд.