Menu
Поиск
Generic filters
Подкаст
Эпизод
Фильрт эпизодов по языкам и странам
казахстанский подкаст
Кыргызстанский подкаст
Таджикистанский подкаст
Узбекистанский подкаст
Туркменистанский подкаст
на казахском языке
На кыргызском языке
На таджикском языке
На узбекском языке
На туркменском языке
На русском языке

Раҷаб Мирзо: Барои дубора ба даст овардани эътимоди ҷомеа, бояд расонаҳои нав ташкил карда шаванд. Подкасти “Медиаи нав”

Мо бо Раҷаб Мирзо, ки имсол барандаи ҷоизаи “Эътимод” гардид, оиди эътимоди ҷомеа ба журналистика суҳбат кардем.

Раҷаб Мирзо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гуруҳеро таҳти унвони “Ахбор барои афкор” таъсис додааст, ки он зиёда аз 70 ҳазор аъзо дорад. Дар гуруҳ ҳамарӯза хабарҳои муҳим ва мубрам пахш мешаванд ва мухотабони он озодона фикрҳои худро оиди ин ё он мавзӯъ баён мекунанд.

Ин рӯзноманигори шинохта бар он назар аст, ки барои дубора эътимоди ҷомеаро ба даст овардан, дар журналистика бояд расонаҳои нав тавлид шаванд, то аз ягон шахси муайян вобастагӣ надошта бошанд.

“Ҳоло як нафар бархезаду гӯяд, “мардум ман бо Шумоям, рӯзнома мекушоям ва умуман касеро таблиғ нахоҳам кард, оё Шумо ба рӯзномаи ман обуна мешавед?”. Ман фикр мекунам, ки ҳатман мардум аз қафои ин нафар мешаванду рӯзномаашро дастгирӣ мекунанд.

Фазои журналистикаро айни ҳол сомонаҳо пур кардаанд, ки бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ такя мекунанд, вале ман итминони комил дорам, ки рӯзе мардум аз шабакаҳои иҷтимоӣ дилгир мешаванд ва талабот ба рӯзномаҳо боз пайдо мешавад”, — изҳор дошт, Раҷаб Мирзо.

Подкаст дар доираи лоиҳаи IWPR «Giving Voices – Driving Change: from the Borderland to Steppes» таҳия шудааст. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани зарфияти насли нави таҳлилгарон ва рӯзноманигорон аст, ки таҳлили босифат ва дастрасро ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунанд. Муҳтавои подкаст, назарот ва дидгоҳҳо танҳо ба муаллифон марбут буда, метавонанд ба мавқеи расмии IWPR мухолифат дошта бошанд.