Menu
Поиск
Generic filters
Подкаст
Эпизод
Фильрт эпизодов по языкам и странам
казахстанский подкаст
Кыргызстанский подкаст
Таджикистанский подкаст
Узбекистанский подкаст
Туркменистанский подкаст
на казахском языке
На кыргызском языке
На таджикском языке
На узбекском языке
На туркменском языке
На русском языке

Соҳибмулке, ки манзилаш тахриб мешавад бояд кадом масъалаҳоро бо сохтмончӣ баррасӣ кунад?

Бартарафкунии манзилҳои истиқоматӣ яке аз мушкилоти сокинони шаҳри Душанбе аст, чун бархе аз онҳоро сохтмончиён фиреб дода, манзилҳоро аз маҳсулоти пастсифат сохтаанд. Танҳо пас аз як — ду соли истифодабарӣ, сокинон аз паст будани сифати бино огоҳ мешаванд, ки барои талаб кардани ҷуброн аз сохтмончӣ аллакай дер мешавад.

Барои бо ин гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ нашудан, соҳибмулконро зарур аст, ки дар оғоз ва анҷоми сохтмон бо шикркати сохтмонӣ ҳама масъалаҳоро баррасӣ намуда ба мувофиқа оянд.

Академияи подкастҳои “Три медведя” дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, силсилаи подкастҳои “Агар манзили Шумо…” – ро омода намудаанд, ки тамошои он барои соҳибмулконе, ки хонаҳояшон дар нақшаи бартарафшавӣ аст, муҳим мебошад.

Соҳибмулконе, ки ширкати сохтмонӣ ба онҳо пешниҳоди бартарафкунии бинои истиқоматиашонро медиҳанд, бояд дар аввал кору фаъолияти ширкатро ба хубӣ омӯзанд.

“Бояд сокинон аввал муайян кунанд, ки оё ин сохтмончӣ барои бартараф кардани манзил иҷозатномаи мақомотҳои дахлдорро дорад ё не. Оё ӯ андозҳоро сари вақт пардохт мекунад, барои сохтмони бино дар ҳисобаш маблағи кофӣ дорад ё не. Донистани ин масълаҳо барои соҳибмулкон муҳим, аст зеро ширкате ки сари вақт андоз намесупорад, иҷозатнома ва маблағ надорад, сохтмони биноро ба анҷом расонида наметавонад”, — мегӯяд, ҳуқуқшиноси ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” Абдураҳмон Шарипов.

Нафароне, ки намехоҳанд то ба анҷом расидани сохтмон интизор шаванд, метавонанд аз дигар шартҳои пешниҳод намудаи сохтмончӣ истифода кунанд.

“Ҳар як ширкати сохтмонӣ ӯҳдадор аст, ки барои соҳибмулкон як чанд намуди ҷуброн барои бартарафсозии манзил пешниҳод намояд. Ҳар нафаре ки намехоҳад, то сохтмони бинои нав интизор шавад ва ё нахоҳад аз он бино манзил гирад, метавонад маблағи мувофиқ ба арзиши манзилашро талаб кунад”, — шарҳ медиҳад, ҳуқуқшинос.

Нархи манзили истиқоматии бартарафшаванда аз ҷониби кӣ муайян карда мешавад? Оё соҳибмулкон метавонанд ба майдони сохтмон ташриф оварда, сифати масолеҳро арзёбӣ кунанд, агар сифати кор ё сифати мавод ба талаботи соҳибмулкон мувофиқат накунад, онҳо чӣ кор карда метавонанд? Ба ин ва дигар саволҳо дар подкасти зерин маълумоти муфассалтар бигиред.

Бояд қайд кард, ки подкасти мазкурро Академияи подкастҳои “Три медведя” дар якҷоягӣ бо ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, омода намуданд.