Menu
Поиск
Generic filters
Подкаст
Эпизод
Фильрт эпизодов по языкам и странам
казахстанский подкаст
Кыргызстанский подкаст
Таджикистанский подкаст
Узбекистанский подкаст
Туркменистанский подкаст
на казахском языке
На кыргызском языке
На таджикском языке
На узбекском языке
На туркменском языке
На русском языке

Вазъияти кишоварзии Тоҷикистон. Таърихи иқтисоди ҷаҳон, нашри #17

Қариб ки 74 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, кишоварзӣ камтар аз чоряки ММД-ро ишғол мекунад. Тибқи Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2016-2030, ҳукумат ният дорад, ки Тоҷикистонро ба як кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил диҳад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, аввал зарур аст, ки вазъияти кунунии кишоварзии кишвар беҳтар карда шавад.

Оиди ин масъала мо бо мутахассиси соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон Таваккал Ҷабборов сӯҳбат намудем.

Бештари мардуми қисмати шимолии Тоҷикистон аз кам шудани ҳосили мева шикоят доранд, ки ин ҳама пайомадҳои тағйирёбии иқлим аст. Барои ин, кишоварзонро лозим аст, ки ба иқлим мутобиқ шаванд.

“Тағйирёбии иқлим, чӣ тавре ки ман мушоҳида кардам бештар ба соҳаи кишоварзӣ таъсири манфии худро расонида истодааст. Ҳоло мо ҳосили зардолу ва олучаро гирифта натавониста истодаем, зеро дар пайи боришоти зиёд ҳосилро сармо мезанад. Аз ин рӯ моро лозим меояд, ки ба иқлим мутобиқ шавем. Сафи гармхонаҳои идорашавандаро дар ҳама мавсим, зиёд кунем”, — мегӯяд, Таваккал Ҷабборов.

Ҳамчунин мо бо ин муттахассис гаронии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори дохилиӣ ва нақши Тоҷикматлубот дар идоракунии нархи онро баррасӣ кардем. Маълумоти бештарро оид ба вазъи кишоварзии Тоҷикистон аз подкасти мо бифаҳмед.

Бояд қайд кард, ки силсила подкастҳои “Таърихи иқтисоди ҷаҳон” дар якҷоягӣ бо Маркази бозори мустақил (Центр свободного рынка) омода мешаванд.