Menu
Поиск
Generic filters
Подкаст
Эпизод
Фильрт эпизодов по языкам и странам
казахстанский подкаст
Кыргызстанский подкаст
Таджикистанский подкаст
Узбекистанский подкаст
Туркменистанский подкаст
на казахском языке
На кыргызском языке
На таджикском языке
На узбекском языке
На туркменском языке
На русском языке

Подкасти «Маро бишунав!» дар бораи мушкилоти хонандагон ва хатмкардагони мактаб-интернатҳо мебошад. Дар ин подкасти худ мо баҳри дарёфти посух ба суолҳо ва роҳҳалли проблемаҳои ин қишри ҷомеа бо мутахассисони соҳоти гуногун ҳамсуҳбат хоҳем шуд.

Нашри чоруми подкасти «Маро бишунав!» назар ба дигар нашрҳои подкасти мо як андоза фарқ мекунад. Чун дар ин нашр тасмим гирифтем, ки бевосита қиссаи Саидбӣ Ҳақназарова, донишҷӯи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро, ки дар овони кӯдакӣ аз падару модар маҳрум мондааст, бидуни суолу ҷавоб манзуратон гардонем.

️«Зиндагии бе волидон» чунин унвон дорад, нашри навбатии подкасти «Маро бишунав!».

Подкасти «Маро бишунав!» дар доираи лоиҳаи «Куҷо бояд рафт, вақте ҷойи рафтан нест», аз ҷониби журналистони «Зира Медиа» омода мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии лоиҳаи мазкур, ҷалби диққати ҷомеа ва мақомоти давлатӣ ба мушкилоти хонандагону хатмкардагони мактаб-интернатҳо мебошад.

Send in a voice message: https://anchor.fm/zira-media/message